Сурайё Хакимова

Устоди ДДХ

ҶОИЗАИ РОССИЯ БА АДИБИ ТОҶИК

Чанде кабл Кумитаи ҷоизадиҳии ба номи Лермонтови Россия ба ифтихори 70- солагии нависанда ва шоири ингуш Саид Чахкиев нависанда ва адиби тоҷик Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммадро барои китобҳои «Гаҳвораи заррин» ва «Боғи сабзи падар» бо нишони ҷашнӣ қадрдонӣ намуд.

Хамасола ин ниҳод адибони ҷамоҳири собиқ шӯравиро барои тарғибу ташвиқи осори манзум ва мансури адабиёти кишварашон ба арсаи ҷаҳонӣ бо нишон ва шаҳодатнома тақдир мекунад.
«Гахвораи заррин»-и Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад асари дар заминаи мардумшиносӣ таьлифнамудаи муаллиф мебошад, ки асотире аз устураи кӯҳистон аст ва аз тарафи мутахассисони ин ниҳод баҳои баланд гирифтааст. Читать далее

7 апреля, 2014 Posted by | Фарханг | Оставьте комментарий

Маҷмўаи ашъори Фитрат аз чоп баромад

Китоби нав

Маҷмўаи ашъори Абдурауфи Фитрат, яке аз пешвоёни ҳаракати ҷадидия таҳти унвони «Тавофи Ватан» дар таҳияи докторони илм Муҳаммадюсуф Имомов ва Масрур Абдуллоев ба дасти хонанда расид.

Ашъори тоҷикии Абдурауфи Фитрат дар шаклҳои гуногун дарҷ ёфта, вале то кунун ба сифати як маҷмўа фароҳам нашуда буд. Ҳарчанд дар доираи илму адаб бо осори назмии ў шиносанд, вале  аксари хонандагон роҷеъ ба фаъолияти шоириаш огоҳии комил надоранд. Ҳол он ки Фитрат фаъолияти эҷодии худро аз назм бо тахаллуси Миҷмар оѓоз карда, то поёни умр аз шеър гуфтан даст накашидааст. Читать далее

23 января, 2014 Posted by | Абдурауфи Фитрат, Китоби нав, Навид, Сугд, Фарханг | Оставьте комментарий

БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

Бо қарори Раиси вилояти Суғд  аз 30.08 2012    221,  бо назардошти қарори Кумитаи ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Fафуров аз 6 августи 2012, ¹ 2, Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ дар соли 2012 бо номзадҳои зерин сазовор дониста шуд.

Муҳаммад Субҳон-нависанда, муаллифи китоби «Ҳомиён»;

Гулноз— шоира, муаллифи китоби «Шаб дар паси ман буд»;

— Лола Раҷабова — муҳаррири телевизиони вилояти Суғд барои офариниши силсилабарномаҳои адабиву ҳунарӣ; Читать далее

4 сентября, 2012 Posted by | «Адиб», Аброр Мирсаидов, Лола Раҷабова, Муҳаммад Субҳон, Тоҷинисо Ниёзова, Усто Мирзо Мансуров, Юсуф Юсуфов | Оставьте комментарий

«Санге ба гўри Лайлӣ»

Душанбе /06.01.2012  Китоби тозаи Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Фараж» ба нашр расид.

 Китоб тарона ва андешаҳои тайи бист соли охир эҷодкардаи муаллифро дарбар мегирад ва аз ҳафт қисмат: Мазористони озодӣ; Маро бигзор, бигзар; Саройи дурушт; Санге ба гўри Лайлӣ; Танҳоӣ, орзу, марг; Асабам бемор аст, модар; Дурўғи зебои пойиз иборат мебошад.

Хуршеди Атовулло муаллифи  маҷмўаҳои «Зиндони зиндагӣ», «Шабчароғи ёд», «Пайванди пайкараҳо», «Марги журналист», «Хунро бо хун мешўянд» аст, ки дар жанрҳои гуногуни адабиёт ва публисистика нашр  шудааст.

6 января, 2012 Posted by | "Санге ба гўри Лайлӣ", «Адиб», Адабиёт, Душанбе, Китоби нав, Сиёсат | Оставьте комментарий

АБРҲОИ ОБӢ

Суғд / Хучанд /05.01.2012 Нашриёти Ношир маҷмӯаи шоири ҷавон Фирдавси Аъзамро таҳти унвони «Абрҳои обӣ»  ба нашр расонид. Маҷмӯа  шеърҳои чанд соли охир навиштаи шоирро дар бар мегирад.

Андешаву тасвирҳои зебои маҷмӯаи мазкур  ҳар хонандаро ба олами маъниву зебоӣ ҳидоят мекунанд. Ва чунонки шоири шинохта Нуралӣ Нурзод дар пешгуфтори «Абрҳои обӣ» менависад, «ин абрҳои обии пиндори Фирдавс ҳам аслан мушобеҳи ҳамон аброи асотирӣ аст, ки аз бухори оби зиндагӣ, ишқ, иҷтимоъ, дарки фалсафаи рӯз обистан шуда, ҳамеша шеъру андеша ва тафаккуру маърифат меборад.» Читать далее

5 января, 2012 Posted by | «Адиб», Китоби нав, Китобхои нав, Навид, Сугд, Точикистон, Фарханг, Фирдавси Аъзам | Оставьте комментарий

ПРОДЮССЕРӣ ПЕШАИ МУШКИЛТАРИН АСТ

Суғд / Хучанд /17.11.2011   Фаррух Ёрматов чанд сол мешавад, ки дар соҳаи  санъати тоҷик фаъолият ба роҳ мондааст. ӯ бо санъаткорони эстрадаи вилоят ҳамкорӣ дорад, продюссери ширкати телевизион ва радиои «Ҷаҳоноро» мебошад. Аз айёми наврасӣ, мактабхонӣ ба ин касб меҳри зиёд дошт. Чунон ки мегӯяд: -Ман аз хурдӣ мехостам, сароянда бошам. Аз ин лиҳоз, дар хона ва дар кӯчаҳое ки ҳар субҳ ба мактаб мерафтам, бо овози баланд суруд мехондам ва ҳама маро мешинохтанд, ҳатто, борҳо аз қафои ин корам аз модарам ва занҳои маҳалла танбеҳ дидаам. Вале ба ҳамаи эътирозҳо коре надоштам. Ин кори дили ман буду хотирам болида  мешуд.    Читать далее

17 ноября, 2011 Posted by | «Ҷаҳоноро», Душанбе, Навид, ПРОДЮССЕР, Сиёсат, Сугд, Театир, Точикистон, Фаррух Ёрматов, Фарханг | Оставьте комментарий

ГУСТАРИШИ РАВОБИТИ ИЛМИ

Суғд / Хучанд /17.11.2011   Дирӯз ректори ДДХ  ба номи академик Б.Ғафуров, профессор Ваҳҳоб Набиев ҳайъати олимони Олмонро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ректори Донишгоҳ профессор В.Набиев олими соҳаи физикаи радиоактивӣ М.Шлянгер (Олмон), профессор Петро Зорри (Олмон), физикаи соҳаи радиатсия ҳорибег (Олмон), профессор Ш.Муртазоев (Тоҷикистон) ва профессор А.Қодиров (Тоҷикистон) ширкат доштанд.

Бино ба иттилои сарвари дафтари матбуоти Раёсати Донишгоҳ Набиюлло Суннатӣ зимни гуфтугӯ профессор В.Набиев иброз дошт, ки ин мулоқот аз он ҷиҳат судманд хоҳад буд, ки лоиҳаи муштараки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров на фақат ба рушди худи донишгоҳ, балки ба рушди бемайлони Тоҷикистони шимолӣ баҳри  истеҳком ва таҷдиди техно-физикӣ дар ҷодаи реактивҳо ва бартараф сохтани зарари радиоактивҳо мебошад. Читать далее

17 ноября, 2011 Posted by | Адабиёт, ДДХ, Душанбе, Китоби нав, Китобхои нав, Профессор Петро Зорри, Сиёсат, Сугд, Точикистон, Фарханг | Оставьте комментарий

“Чашмаи зулол” дар китобхонаи ЭКО

Суғд / Хучанд /27.10.2011 Муассисаи фарҳангии ЭКО барои китобхонаи ин ниҳоди байналмилалӣ 100 адад аз китоби “Чашмаи зулол”,навиштаи Аъзам Хуҷаста,шоири тоҷикро,ки чанде пеш бо ду хати форсӣ ва сириллики тоҷикӣ дар Машҳад чоп шуд, харидорӣ намуд. Оғои Аюбӣ, раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО дар тавҷеҳи ин иғдом гуфт:вазифа ва рисолати Муассиса ҳимоят ва кумак ба истеъдодҳои ҷавону халлоғ аст ва бо таваҷҷуҳ ба ин ки Аъзам Хуҷаста сабки наверо дар адабиёти форсӣ бунён ниҳод ва мавҷи тозаеро дар миёни аҳли адаб ба вуҷуд овард,лозим донистем аз ин китоб харидорӣ намуда ва миғдоре аз онро дар Китобкадаи муассиса ва миғдореро низ ба дӯстони адабпарвар эҳдо намоем. Читать далее

27 октября, 2011 Posted by | “Чашмаи зулол”, “Чашмаи зулол” дар китобхонаи ЭКО, Адабиёт, Аъзам Хуҷаста, Китоби нав, Навид, Сугд, Точикистон, Фарханг, Эрон | Оставьте комментарий

ОБ РӮЗИРАСОН АСТ

Суғд / Мастчох /27.10.2011  Бо ибтикори Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ сокинони деҳаи Мастчоҳ соҳиби оби ошомиданӣ гардиданд.

Зимни сафари раиси Кумитаи Имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон ҷаноби оrои Сайидҷавод Разавӣ дар нимаи дуввуми моҳи апрели соли равон бо пешниҳоди Раиси вилояти Суғд Rоҳир Расулзода rарордоди бо оби ошомиданӣ таъмин намудани  мавзеи 40-солагии  Дилварзини ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ ба имзо расида буд. Читать далее

27 октября, 2011 Posted by | Адабиёт, Дар арзҳои дӯстӣ, Душанбе, Иктисодиёт, Точикистон, Фарханг, Эрон, сармоягузорӣ, энергетика | Оставьте комментарий

25000 ДОЛЛАРИ АМРИКОӣ БАРОИ ОМӯЗИШ

Суғд / Бобоҷон Ғафуров /25.10.2011 Таваҷҷӯҳ ба таҳсилоти духтарон яке аз самтҳои  сармоягузории муҳим дар тамоми мамолики дунё ба ҳисоб меравад, ки  барои дастрасии комёбиҳои назаррас бештар мусоидат мекунад.

Дар таҳқиқоти байналмиллалӣ борҳо исбот шудааст, ки таваҷҷӯҳ ба омӯзиши насли наврас ва ба вижа духтарон яке аз омилҳои асосии инкишофи ҷомеа ва мамлакат ба шумор меояд. Читать далее

25 октября, 2011 Posted by | 25000 ДОЛЛАРИ АМРИКОӣ БАРОИ ОМӯЗИШ, Бобоҷон Ғафуров, Иктисодиёт, Сиёсат, Сугд, ЮНИСЕФ | Оставьте комментарий

Хамоиш:ХОФИЗ МЕХМОНИ АНҶУМАНИ ДӮСТӢ

Суғд /Хӯҷанд/25.10.2011  Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон нишасти солонаи худро, ки  дар маҳалли китобкадаи анҷуман воқеь дар хиёбони Парвини Эътисомии  шаҳри Теҳрон баргузор гардид, ба бузургдошти Хофиз ихтисос дод.

Тибқи  гузориши хабаргузории китоби Эрон (Инбо),  дар ин нишаст ибтидо дуктур Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ- раиси анҷумани мазкур перомуни ҷойгоҳи Хофиз дар адабиёти Эрон ва кишварҳои хориҷ сухан гуфт ва таъкид дошт, ки Хофиз ойинаи тамомнамои таърихи Эрон ва адабиёти форсист ва боястӣ аз тариқи тарҷума ва таҳқиқоти амиқ перомуни ин шоири беназир пажӯҳишҳои густурда анҷом шавад. Читать далее

25 октября, 2011 Posted by | Адабиёт, Душанбе, Сиёсат, Сугд, Фарханг, Хамоиш:ХОФИЗ МЕХМОНИ АНҶУМАНИ ДӮСТӢ | Оставьте комментарий

Ҳамоиш : «Аз ту эй афтодадил бо чон химоят мекунам»

Суғд /Хӯҷанд/17.10.2011 Дирӯз дар кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд нахустин ҳамоиши байналмилалии «Шеъри ҳимоят» баргузор гардид, ки бо ташаббус ва ибтикори Кумитаи имдоди Хумайнии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.
Дар ҳамоиши байналмилалии «Шеъри ҳимоят» муовини раиси вилоят Мавҷуда Бобоева, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, раиси кумитаи имдодои Хумайнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаводи Разавӣ, намояндагони аҳли илму адаби Эрону Афғонистону Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок доштанд. Читать далее

17 октября, 2011 Posted by | Адабиёт, Дасти сахои Имдод, Душанбе, Китобхои нав, Намоиши нав, Сиёсат, Сугд, Точикистон, Тоҷибой Султони, Фарханг, Эрон, Ҳамоиш | Оставьте комментарий

ҚАЛЪАИ ҲУШРАБО

Суғд /Хӯҷанд/04.10.2011 Нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд  бо қарори шӯрои табъу нашри ДДХ ба номи академик Б.Ғфуров  китоби адабиётшинос Тоҷибой Султониро таҳти унвони «Қалъаиҳушрабо»  ба табъ расонид.

Китоби мазкур шарҳи яке аз достонҳои пуррозу рамизи «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ буда, муаллиф кӯшиш намудааст бо истифода аз шурӯҳи қадим ва муосир ба зовияи андешаи Мавлоно ва ин шоҳкори ирфонӣ роҳ ёбад. Читать далее

4 октября, 2011 Posted by | «Адиб», Адабиёт, Китоби нав, Китобхои нав, Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, Навид, Точикистон, Тоҷибой Султони, ҚАЛЪАИ ҲУШРАБО | Оставьте комментарий

НОМАҲОИ МӯҲРБАНД

Суғд /Хӯҷанд/04.10.2011 Аз маҷмӯаи дигарест, ки ба қалами Аҳмадҷони Раҳмадзод мутаалиқ аст ва шеърҳои нав, газалҳои тоза, достонҳо ва тарҷумаҳои ӯро фаро гирифтааст. Маҷмӯаи мазкур дар шаҳри Хуҷанд  ба табъ расида, дастраси ҳаводорон гардид  Читать далее

4 октября, 2011 Posted by | «Адиб», Адабиёт, Аҳмадҷони Раҳмадзод, Китоби нав, Навид | Оставьте комментарий

ЗУҲУРИ ҲАЗРАТИ ИНСОН

Суғд /Хӯҷанд/04.10.2011 Нашриёти Адиб  маҷмӯаи шоири шинохта Аҳмадҷони Раҳмадзодро таҳти унвони «Зуҳури ҳазрати инсон»  ба нашр расонид. Маҷмӯа  достони «Зуҳури ҳазрати инсон» манзумаи «Наврӯзнома» ва шеърҳои чанд соли охир навиштаи шоирро дар бар мегирад. Читать далее

4 октября, 2011 Posted by | «Адиб», Адабиёт, Аҳмадҷони Раҳмадзод, Душанбе, ЗУҲУРИ ҲАЗРАТИ ИНСОН, Китоби нав, Китобхои нав, Навид, Сиёсат, Сугд, Фарханг | Оставьте комментарий

ЧИН БА ТОҶИКИСТОН 120 МИЛЛИОН ЮАН МЕДИҲАД

Душанбе. 25/08/2011  Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 120 миллион юан кўмаки бебозгашт хоҳад кард. Чунин тавофуқ дар ҷараёни сафари ҳайати ҳукуматӣ-ҳизбии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сарварии намояндаи мақомоти марказии ин кишвар Чжоу Юнкан ба Тоҷикистон ҳосил шудааст. Читать далее

25 августа, 2011 Posted by | Адабиёт, Душанбе, Навид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сиёсат, Точикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Эрон, роҳсозӣ, саноат, сармоягузорӣ, тиҷорат, энергетика, Ҷумҳурии Мардумии Чин | Оставьте комментарий

Фестивал:ГАНҶИ НУҲУФТА

Суғд Хӯҷанд/23.07.2011  Атрофи театри наврас пур аз одам буд. Ҳама, хурду калон, пиру барно бо маrсади ширкат дар фестивали ҳаваскорони маъюб ҷамъ шуда буданд. Шаҳноза  Тӯраева- навраси 15- сола низ rатори дигарон интизори оuози чорабинӣ буд. ӯ тез-тез ба соати дасташ назар меафканду фикр мекард: ваrт шудааст, кай чорабинӣ оuоз мегашта бошад? Ба ӯ суол кардам, ин ҳаяҷону изтироб аз баҳри чӣ аст? Гуфт: Читать далее

23 августа, 2011 Posted by | Адабиёт, ГАНҶИ НУҲУФТА, Навид, Намоиши нав, Сугд, Театир, Точикистон, Фарханг, Фестивал | Оставьте комментарий

Тоҷикистону Белорус ҳавасманди ҳамкориҳои бештаранд

Душанбе./22.08.2011/Ҷумҳурии Белорус ҷиҳати дастрасӣ ва коркарди нахи пахтаи тоҷик ҳавасманд буда, ҳамчунин алоқаманди воридоти меваи хушк аз Тоҷикистон аст. Ин кишвар ҳамзамон изҳори омодагӣ мекунад, ки дар амри дастарасии бештари Тоҷикистон ба нақлиёт ва дигар техникаҳои пуриқтидори истеҳсоли Белорус иқдом хоҳад кард. Читать далее

22 августа, 2011 Posted by | Адабиёт, Душанбе, Навид, Сиёсат, Точикистон, Эмомалӣ Раҳмон | Оставьте комментарий

«ТУРО ПАЗМОН ШУДАМ»

Суғд/ Хӯҷанд /18.07.2011/Китоби нави рӯзноманигори шинохта Ато Боқӣ бо номи «Туро пазмон шудам» тариқи корхонаи нашриёт-матбааи ноҳияи Спитамен дастраси хонандагон гардид.
Ҳикояҳои маҷмӯаи мазкур аз рӯзгори воқеӣ сарчашма гирифта, муаллиф дар навиштаҳои хеш одаму одамгарӣ, меҳру рафоқат, дӯстдоштани зиндагии даргузар, иффату покии зан модарро ситоиш намуда, аз оқибатҳои хислати бади инсонӣ ёдрас мешавад ва аҳамияти илму ҳунарро таъкид мекунад. Читать далее

18 июля, 2011 Posted by | Адабиёт, Адиб ва Истиқлол, Душанбе, Китоби нав, Китобхои нав, Навид, Сугд, Точикистон, Фарханг, Эрон | Оставьте комментарий

Дасти сахои Имдод

Суғд/ Хӯҷанд /06.07.2011/ Намояндагии Кумитаи Имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вилояти Суғд ба 220 хонаводаи бар асари офати табии зарардидаи ноҳияи Ашт ва Ғончӣ дасти кӯмак дароз кард. Бино ба гуфтаи Фирдавс Ашӯрматов-масъули дафтари намоядагии ин кумитаи башарадӯстона дар чаҳорчӯби барномаҳои хайриявии Кумитаи Имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон санаи 1-июл ба 180 хонаводаи бар асари селбориши санаи 12-уми июн  зарадидаи рустоҳои Саро ва Бободархони Ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт маводи мавриди ниёзи аввал (4 дона одеяла (пату) ва 1 дона  пироҳани занона барои ҳар як хонавода) тақдим карда шуд.  Читать далее

6 июля, 2011 Posted by | Дасти сахои Имдод, Душанбе, Кумитаи Имдоди имом Хумайни, Навид, Сиёсат, Сугд, Точикистон, Фарханг, Эмомалӣ Раҳмон, Эрон | Оставьте комментарий

Соҳибкорони араб ба дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратӣ хушбинанд

Душанбе./01.07.2011/  Фаъолияти Шўрои сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати бонуфузи соҳибкорони араб дар Душанбе ситоиш шуд.

Соҳибкорони Арабистони Саудӣ бо нигоҳе ба фазои мусоиди сармоягузорӣ ва шароити босуботи Тоҷикистон дурнамои робитаҳои тиҷоратӣ миёни соҳибкорони ду кишварро умедбахшу пурнатиҷа арзёбӣ карданд. Читать далее

1 июля, 2011 Posted by | Адабиёт, Арабистони Саудӣ, Душанбе, Иктисодиёт, Навид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сиёсат, Точикистон, Эмомалӣ Раҳмон | Оставьте комментарий

Адиб ва Истиқлол

Суғд/ Бобоҷон Ғафуров /01.07.2011/Дар ҷамоати Кистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳфили ширу шакар  ба муносибати 60-солагии зодрузи шоир Темурмалик Рустамов баргузор гадид, ки дар он намояндагони  аҳли илму адаби вилоят иштирок доштанд.

Маҳфили мазкур бо ташаббуси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  роҳандозb шуд. Читать далее

1 июля, 2011 Posted by | Адабиёт, Адиб ва Истиқлол, Китобхои нав, Навид, Сугд, Точикистон, Фарханг | Оставьте комментарий

Намоиши нав

Суғд/ Хуҷанд/01.07.2011/Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ  дарммаи «Дилхушӣ» -ро аз рӯи асари С.Исоева ва С.Ҷилло ба саҳна гузошт.

Драммаи мазкур  ба 20-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Читать далее

29 июня, 2011 Posted by | «Дилхушӣ», Навид, Намоиши нав, Сугд, Театир, Точикистон, Фарханг | Оставьте комментарий

ГОФИЛ МАНИШИН НА ВАКТИ БОЗИСТ…

Суғд / Хучанд/ 28.06.2011 Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобочон Гафуров кабули донишчуёнро ба курси якуми шўъбаи рўзона ва гoибoнa барои соли тахсили 2011-2012  эълон дошт.
Гуфта мешавад, ки кабули донишчуён  ба ДДХ  ба номи  академик  Б.Гафуров  дар асоси  коидахои  кабули  донишчуён  ба муассисахои  тахсилоти  олии  касбии Чумхурии Точикистон  дар  соли  тахсили  2011-2012»  ташкил ва гузаронида  хохад шуд.
Тибки иттилои манбаъ кабули  хуччатхо ба шуъбаи  рузона барои дарёфти   тахсилоти  якуми олии касби аз 20 июн то 30 июли соли 2011 идома ёфта, имтихонхо аз санаи 1 августи соли 2011 огоз меёбад.
Кабули  хуччатхо  ба шуъбаи  гоибона  аз  1 июл то 13 августи соли 2011  давом мекунад. Читать далее

28 июня, 2011 Posted by | Адабиёт, ДДХ, Довталаб 2011, Имтихони кабул, Навид, Сугд, Точикистон | Оставьте комментарий

«Фишор»

Сугд / Хучанд / 27.06.2011. Ба наздики нашриёти «Меъроч» китоби тозаи инсони равшанзамир, рузноманигор Замон Шокирзодаро бо номи «Фишор» интишор дод. Китоби мазкур, ки фарогири хикоёти  чолибу хондани  аст, барои дустдорони насри муосир хадяи хубест.
То имруз китоб[ои у бо номи «Лахзахо аз хотироти Афгонистон», «Гаввоси дарёи хирад», «Домони пурхун», «Номахо дар нигин», Читать далее

27 июня, 2011 Posted by | «Фишор», Адабиёт, Замон Шокирзода, Китобхои нав, Навид, Сугд, Точикистон, Фарханг | Оставьте комментарий

«Чуйбори сари хирман»

Сугд / Хучанд / 27.06.2011Ба тозаги китоби  шоир ва рузноманигори шинохтаи точик  Толиб Карими Озарахш бо номи  «Чуйбори сари хирман», ки ашъори дар солхои 1990-2010 сурудаи уро дар бар гирифтааст, пешкаши хаводорони шеъри ноб гардид.
Китоби мазкур бо дастгирии макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд ба табъ расидааст.
Шоиста ба таъкид аст, ки то имруз китобхои ашъори Озарахш  бо номхои «Аз чашмасор омадам» ва «Намози мусофир» тавассути нашриёти «Адиб» ва ба номи Рахим Чалил нашр гардида буд. Читать далее

27 июня, 2011 Posted by | Китобхои нав, Сугд, Толиб Карими Озарахш | Оставьте комментарий